иродат — [ارادت] а 1. ниг. ирода: омадан бо иродат, рафтан бо иҷозат (мақ.) 2. ихлос, эътиқод, дилбастагӣ; дасти иродат бар сина ниҳодан ихлос ва дилбастагии худро изҳор кардан; иродат доштан ихлос доштан ба касе, ба чизе … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беихлосӣ — [بي اخلاصي] беихлос будан, ақидаи мустаҳкам надоштан ба чизе, эътиқод надоштан, ғайриихлосмандӣ, адами ихлос … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
изҳор — [اظهار] а 1. зоҳир кардан, ошкор кардан 2. баён, ифода, фаҳмондани чизе; изҳори ихлос баёни дӯстӣ ва самимият; изҳори матлаб баёни мақсад, ифодаи маром; изҳор кардан маълум кардан, ошкор кардан; баён кардан, гуфтан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
муҳаббат — [محبت] а 1. дӯстдорӣ, ишқ; изҳори муҳаббат кардан ошиқиву дӯстдории худро маълум намудан 2. меҳр; майл, ихлос … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
садоқатмандона — [صداقتمندانه] аз рӯи ихлос, аз таҳти дил, бо самимият, самимона, ихлосмандона … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
сидқ — [صدق] а 1. ростӣ, садоқат, тандурустӣ 2. самимият, ихлос; аз сидқи дил аз самими дил, аз таҳти дил; сидқу вафо садоқат ва вафодорӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
тааббуд — [تعبد] а 1. бандагӣ; ибодат, парастиш, ибодат кардан: тааббуди ӯ аз рӯи халосу ихлос набуд 2. итоати мутлақи бечуну чаро … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ